Роҳҳои фиреб ва пешгирии он
Telegram Premium ҳамчун туҳфа
Қаллобон паёмак равон мекунанд, гӯё метавонед Telegram Premium-ро ройгон ба даст оред. Одатан чунин паёмак аз номи дӯстон ё хешованд меояд, яъне қаллобон аллакай ба ҳисоби онҳо дастрасӣ пайдо карданд.
Агар шумо ба истинод гузаред, қаллобон метавонанд ба Telegram-и шумо даромада, паёмакҳоятонро хонанд, аз номи шумо паёмак фиристанд ва ҳатто пулатонро дузданд.
Ба чунин истинодҳо нагузаред. Аввал бо шахсе, ки паёмак фиристодааст, тамос гиред ва пурсед, ки оё воқеан он паёмакро фиристодааст.
Чӣ тавр худро муҳофизат кардан мумкин аст?

