Дар бораи мо
https://alifwebsite.alif.tj/uploads/experts_mobi_d91ff02585.pnghttps://alifwebsite.alif.tj/uploads/logisty_mobi_311ccf058c.pnghttps://alifwebsite.alif.tj/uploads/it_mobi_c806a8884b.png
Дар бораи Алиф

Алиф фаъолияти худро аз соли 2014 оғоз карда, яке аз ширкатҳои молиявӣ ва технологии пешқадами Осиёи Миёна мебошад.

 

Мо хизматрасониҳои молиявӣ ва технологиро тарҳрезӣ карда, ба мизоҷону шарикон пешниҳод менамоем. Барномаи мобилии alif mobi-ро ба роҳ мондем, ки барои хариду интиқол ва дигар амалиёт кумак менамояд. Инчунин, яке аз калонтарин онлайн-мағозаҳоеро кушодем, ки дар он мизоҷон молҳоро ба насия мегиранд ва шарикон савдои худро бештар менамоянд.

 

Корти «Салом», интернет-бонк ва дигар хизматрасониҳо бошанд, соҳаи тиҷоратро рушд дода, ба даҳҳо ҳазор мизоҷон ёрӣ мерасонанд.

 

Лоиҳаи дигарамон — Алиф Академияро баҳри он таъсис додем, ки шавқу рағбати ҳамватанонро ба соҳаи технологияҳои иттилоотӣ бештар намоем. То имруз бештар аз 2 000 барномасозро барои ширкатҳои ватанӣ ва хориҷа омода намудем.

 

Боварӣ дорем, ки бо ягонагӣ ва меҳнатдӯстии ҳамкоронамон Алифро пешқадамтарин ширкати молиявӣ ва технологии исломии ҷаҳон месозем
 

Офиси хурд, се нафар ва умедҳои бузург — ҳамин тавр соли 2014 Алиф ба навиштани таърихи худ шурӯъ кард.
Frame 181 (1).png
Алифиён

Мо боварӣ дорем, ки мақоми ҷамъиятии кормандон аҳамияте надорад. Танҳо ғайрату зиракӣ ва ростқавлию поквиҷдонӣ натиҷа медиҳанд. Аз ин рӯ, мо ба таҷриба низ нигоҳ накарда, шахсонеро ба кор мегирем, ки алови чашм ва хислатҳои инсонӣ доранд.

 

Ҳарсола шумораи ҳамкоронамон чандҳо маротиба зиёд мешавад. Айни ҳол дар Алиф зиёда аз 1 000 нафар кор карда, ҳаррӯза кӯшиш менамоянд, ки зиндагии мизоҷони азизамонро каме ҳам бошад, осонтар намоянд.


 

Натиҷаи боварии мизоҷон
483 000 +
мизоҷон дар Тоҷикистон
1 900
шарикон бо эквайринги тиҷоратӣ
980
кормандон дар Тоҷикистон
1 млн+
насби alif mobi
2 000 +
шариконе, ки бо корти «Салом» пардохтро қабул мекунанд
1 000 +
мизоҷони корпоративӣ дар alif business
7 арзише, ки мо пайравӣ мекунем
https://alifwebsite.alif.tj/uploads/Frame_392mobi_8508174aa5.png
Ман чун Алифам
Мислаш ростқавл, ростгӯ ва покдилам
https://alifwebsite.alif.tj/uploads/Frame_392mobi_5_a687ed54d8.png
Алиф аз ман аст
Онро мисли хонаи худ дӯст дошта, аз таҳти дил кор мекунам
https://alifwebsite.alif.tj/uploads/Frame_392mobi_2_845f78358a.png
Ғайриоддиям
Қолабҳоро шикаста, аз интизориҳо зиёдтар корро иҷро мекунам
https://alifwebsite.alif.tj/uploads/Frame_392mobi_3_33b7977688.png
Бетараф нестам
Намегӯям: «Ин кори ман нест». Меҳрубонам ва дасти кумак дароз мекунам
https://alifwebsite.alif.tj/uploads/Frame_392mobi_1_c74827c503.png
Ҳокими нафси худ ҳастам
Танбалӣ накарда, сари вақт корҳоямро иҷро мекунам
https://alifwebsite.alif.tj/uploads/Frame_392mobi_4_e8ce83e146.png
Имрӯз аз дирӯз беҳтарам
Вақтамро ғанимат ҳисобида, ба омӯзиши ҳунари нав машғул мешавам
https://alifwebsite.alif.tj/uploads/Frame_392mobi_6_9990b20483.png
Пешравӣ бе хато намешавад
Хатоҳоямро дарк карда, ислоҳ менамояму беҳтар мешавам
Дастовардҳои мо
2023
2022
2021
2020
2019
2018
2017
2016
2015
2014
Хизматрасониҳо ва лоиҳаҳо