Робита бо мо
Муроҷиатҳо

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» таҳти № 1339 аз 23 июли 2016 сол шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки бо ариза, пешниҳод ва шикоят ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намоянд. Ҳангоми истифодаи ҳуқуқи муроҷиаткунӣ, шаҳрвандон набояд ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахсони дигар, ҷомеа ва давлатро поймол кунанд. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ҳуқуқ доранд, ки мутобиқи Қонуни мазкур ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд. Муносибатҳо доир ба муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти худидоракунии шаҳрвандон тибқи тартиботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур танзим карда мешаванд. Агар дар санадҳои қонунгузорӣ тартиби дигари баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон пешбинӣ шуда бошанд, мутобиқи Қонуни мазкур онҳо баррасӣ карда намешаванд.

Роҳҳои муроҷиати шаҳрвандон

Аризаҳои шаҳрвандон ба таври шифоҳӣ ё хаттӣ пешниҳод карда мешаванд ва эътибори баробар доранд. Аризаҳои шаҳрвандон метавонанд шахсӣ ё коллективӣ бошанд.

Шаклҳои муроҷиати шаҳрвандон

Шаҳрвандон метавонанд, ки бо ариза, пешниҳод ё шикоят муроҷиат намоянд. Ариза — ин муроҷиати шаҳрвандон барои татбиқи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳо мебошад. Пешниҳод — ин тавсияҳои шаҳрвандон барои беҳтар намудани фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ мебошад. Шикоят — ин муроҷиати шаҳрвандон бо талаби барқарор кардани ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии онҳо мебошад.

Талабот ба муроҷиати шаҳрвандон

Дархостҳо бояд ному насаб, номи падар, маълумот дар бораи ҷои зист ва моҳияти ариза, пешниҳод ё шикоятро дар бар гиранд. Дархостҳои хаттӣ бояд бо имзои дархосткунанда тасдиқ карда шаванд. Агар гузоштани имзо аз тарафи дархосткунанда ғайриимкон бошад, шахси тартибдиҳанда бояд дар ҳуҷҷат ному насаб ва номи падари худро илова намуда, имзо гузорад. Муроҷиатҳои хаттие, ки ному насаб, номи падар, маълумот дар бораи ҷои зист ва имзои шаҳрвандро дар бар намегиранд ё дар бораи шаҳрванд маълумоти бардурӯғро дар бар мегиранд, ғайрирасмӣ ҳисобида шуда, баррасӣ карда намешаванд.

 

Телефони боварӣ барои арзу шикоятҳо

+992 48 888 54 60

file-text.svg
Тартиби баррасии пешниҳодҳо ва шикоятҳо

Ба кумак ниёз доред?
Агар шумо ягон пешниҳод ё мушкилӣ дошта бошед, ба мо нависед.
Мавзӯъро интихоб кунед
* Муроҷиатҳои хаттӣ ва электроние, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.