Роҳҳои фиреб ва пешгирии он
Қаллобон бо баҳонаи пайваст кардани 5G
Ба шумо занг зада, худро корманди оператори мобилӣ муаррифӣ мекунанд (масалан, Tcell, Babilon ва дигарон). Одатан онҳо боэътимод ба рӯсӣ ҳарф мезананд ва мегӯянд, ки «интернетро беҳтар мекунем» ё «5G-ро пайваст мекунем».
Ин кумаки техникӣ нест — ин ҳиллаи қаллобон аст. Онҳо одатан шитоб медиҳанд ва маҷбур мекунанд, ки худи ҳозир 5G-ро фаъол кунед.
Қаллобон чӣ кор мекунанд
1) «Мушкиле ҳаст» мегӯянд
Мегӯянд, ки гӯё интернетатон вайрон шудааст ё шабакаро «нав кардан» лозим аст.
2) Суҳбатро ба WhatsApp мегузаронанд
Баҳона меоранд, ки он ҷо «қулайтар» аст.
3) Аз шумо корҳое мехоҳанд, ки ба телефон роҳ медиҳад
Метавонанд хоҳиш кунанд:
— намоиши экранро фаъол кунед;
— барнома ё файлеро, ки мефиристанд, насб кунед;
— дар танзимоти телефон чизеро иваз кунед.
Агар шумо розӣ шавед, онҳо метавонанд ба телефонатон роҳ ёбанд — баъзан ҳамон лаҳза, ҳангоми сӯҳбат.
4) Шуморо то барномаҳои бонкӣ мебаранд
Баъд мегӯянд интернетро санҷед ва якчанд барномаро кушоед. Агар барномаи бонкӣ ё ҳамёни электрониро кушоед ва рамзҳоятонро ворид кунед, онҳо метавонанд маълумотро ба даст оранд ва ба пулатон дастрасӣ пайдо кунанд.
Оқибатҳо
Баъди гирифтани пул метавонанд гӯянд: «навсозӣ рафта истодааст, телефонро хомӯш накунед». Телефон метавонад суст кор кунад, дер аз нав дарояд, ва баъд аз фаъол шудан баъзе чизҳо гум шаванд — барномаҳо хориҷ мешавад. Ин корро мекунанд, то ки ҳама чиз гум шавад ва пай бурдан душвор гардад.
Чӣ гуна худро ҳифз кунед
— Ба пайваст кардани 5G тавассути занг бовар накунед. Оператор ҳеҷ вақт экранро нишон додан ё файлро насб кардан намепурсад.
— Экранро нишон надиҳед ва ба ҳеҷ кас рамзи SMS, гузарвожа, PIN-ро нагӯед.
— Дар чат барнома ё файлро насб накунед, ҳатто агар «барои навсозии шабака аст» гӯянд.
— Агар занг шубҳаовар бошад — сӯҳбатро қатъ кунед ва худатон ба оператор ба рақами расмӣ занг занед.
— Агар шумо аллакай экранро нишон дода бошед ё чизе насб карда бошед — ҳар чӣ зудтар ба бонк занг занед ва кортҳо/дастрасӣро маҳкам кунед.
Чӣ тавр худро муҳофизат кардан мумкин аст?

