Роҳҳои фиреб ва пешгирии он

«Даромади осон»

Қаллобон бо баҳонаи «пули осон» мардумро фиреб мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки шумо метавонед пулро зуд ва осон кор кунед — масалан, ҳангоми сармоягузорӣ ба «лоиҳаи фоиданок», пур кардани саволнома, шарик шудан ё гирифтани «туҳфа». Барои ин истинод равон карда, аз шумо ворид кардани маълумоти корт ва рамзи SMS талаб мекунанд.

 

Баъзан чунин пешниҳодҳо аз номи одамони маъруф ё ширкатҳо фиристода мешаванд, то ки бовар кунед. Вале дар асл ин фиреби қаллобон аст.

 

Эҳтиёт шавед: дар сайтҳои шубҳанок маълумоти шахсиро ворид накунед ва ба ваъдаҳои пули осон бовар накунед.

Чӣ тавр худро муҳофизат кардан мумкин аст?