Чӣ хел қаллобон фиреб мекунанд?

Расиди қалбакиро пешниҳод мекунанд. Вақте ки шумо дар сайтҳои монанди эълони фурӯши молро ҷой медиҳед, фиребгарон гӯё барои харид занг мезананд ё менависанд, то ки шумо рақами кортро барои интиқоли пул пешниҳод кунед. Онҳо ваъда медиҳанд, ки пулро зуд равон мекунанд ва маълумоти корт, CVV ва дигар рамзҳои шуморо талаб мекунанд. Баъди гирифтани маълумоти лозима, қаллобон онҳоро ба ҳамёнҳои худ баста, пули шуморо мегиранд.


Занг зада, рамзро мепурсанд. Ин як қаллобӣ маъмул аст. Онҳо рақами шуморо ба ҳамёнашон пайваст мекунад ва маълумотро мегиранд.


Лоиҳаҳои қалбакиро месозанд. Пули осон пешниҳод карда, аз шумо сармоягузориро талаб мекунанд, гӯё барои зиёд кардани даромадатон. Фиребгарон ҳатто барои бовариатон ба шумо пул равон менамоянд. Аммо баъд боз ҳам зиёдтар пасандоз пурсида, ба шумо дигар ҷавоб намедиҳанд ва пулро мегиранд.


Ҷавоб ба шумо фоидаовар буд?
Бале
Не
Ба Telegram-боти мо нависед
Кӯшиш мекунем ба саволҳоятон зуд ҷавоб диҳем.
https://alifwebsite.alif.tj/uploads/tg_mob_95519de085.png

Ба шумо занг занем?

Дархост гузоред, бо шумо тамос мегирем

https://alifwebsite.alif.tj/uploads/call_mob_a1bc8ede96.png