Чӣ хел қаллобон фиреб мекунанд?

Расиди қалбакиро пешниҳод мекунанд. Вақте ки шумо дар сайтҳои эълони фурӯшӣ молро ҷойгир мекунед, қаллобон бо шумо тамос мегиранд — гуё барои хариди мол. Онҳо мегӯянд, ки маблағро зуд равон мекунанд ва аз шумо маълумоти корт, CVV ва дигар рамзҳоро мепурсанд. Пас аз гирифтани маълумот, онҳо кортатонро ба ҳамёни худ пайваст карда, маблағро медузданд.


Лоиҳаҳои қалбакиро месозанд. Онҳо пули осон пешниҳод карда, аз шумо сармоягузорӣ талаб менамоянд — гӯё барои зиёд кардани даромад. Барои бовариатон ҳатто метавонанд ба шумо маблағ фиристанд. Аммо баъд маблағи бештар мепурсанд, пас аз гирифтани пул тамосро қатъ мекунанд ва пулро медузданд.


Номҳои маъруфро истифода мебаранд. Масалан, онҳо номи моро истифода бурда, ба шумо ҷойи кор пешниҳод менамоянд ё дар Telegram паёмак мефиристанд, занг мезананд — гӯё шуморо аз қаллобон ҳимоя карда, бо кумакашон рақами телефонатонро иваз мекунанд.


Лутфан, ҳеҷ гоҳ маълумоти шахсӣ ва рамзҳоро ба касе надиҳед. Барномаҳои шубҳанокро насб накунед. Танҳо ба манбаъҳои расмӣ бовар кунед.


Ҷавоб ба шумо фоидаовар буд?
Бале
Не