



Дархостро барои маблағгузории мошин дар сайт, офисҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкиамон (МХБ) дар шаҳрҳои зерин гузошта метавонед:
— Душанбе;
— Хуҷанд;
— Кӯлоб;
— Ваҳдат;
— Ҳисор;
— Бохтар;
— Панҷакент;
— Турсунзода;
— Истаравшан;
— Бӯстон;
— Бобоҷон Ғафуров.
Пешпардохт талаботи ҳатмӣ мебошад. Аз арзиши умумии мошин 20% пешпардохт кардан лозим аст. Инчунин ба ҷои пешпардохт метавонед гарав гузоред, масалан:
— дигар мошин;
— тилло;
— хонаи истиқоматӣ;
— амонат дар Алиф.
Дар ин ҳолат ҷамъи маблағгузорӣ аз 100%-и арзиши мошин ҳисоб карда мешавад.
Санаи пардохти навбатӣ ва маблағи боқимондаро дар сайти online.alif.tj тафтиш карда метавонед:
1. Тугмачаи «Меню»-ро дар online.alif.tj пахш кунед.
2. Бахши «Насияҳо»-ро интихоб намоед.
3. Шартномаи лозимаро пахш кунед.
4. Дар ин ҷо ҳамаи маълумотро дар бораи пардохтҳои худ санҷида метавонед.
Бале, маблағгузории мошинро бо сомонӣ тавассути терминалҳо, ҳамёнҳои электронӣ ва хазинаҳои Алиф бо қурби ҷории он рӯз пардохт карда метавонед.
Дар мавриди маблағро пардохт накардан, ҷарима гирифта мешавад:
— дар 7 рӯзи аввали дермонӣ 0,5%, на камтар аз 10 сомонӣ аз маблағи пардохти ҳармоҳа;
— баъди 7-ум рӯз 0,5% аз маблағи умумии қарз.