Алиф фаъолияти худро аз соли 2014 оғоз карда, яке аз ширкатҳои молиявӣ ва технологии пешқадами Осиёи Миёна мебошад.
Мо хизматрасониҳои молиявӣ ва технологиро тарҳрезӣ карда, ба мизоҷону шарикон пешниҳод менамоем. Барномаи мобилии alif mobi-ро ба роҳ мондем, ки барои хариду интиқол ва дигар амалиёт кумак менамояд. Инчунин, яке аз калонтарин онлайн-мағозаҳоеро кушодем, ки дар он мизоҷон молҳоро ба насия мегиранд ва шарикон савдои худро бештар менамоянд.
Корти «Салом», интернет-бонк ва дигар хизматрасониҳо бошанд, соҳаи тиҷоратро рушд дода, ба даҳҳо ҳазор мизоҷон ёрӣ мерасонанд.
Лоиҳаи дигарамон — Алиф Академияро баҳри он таъсис додем, ки шавқу рағбати ҳамватанонро ба соҳаи технологияҳои иттилоотӣ бештар намоем. То имруз бештар аз 2 000 барномасозро барои ширкатҳои ватанӣ ва хориҷа омода намудем.
Боварӣ дорем, ки бо ягонагӣ ва меҳнатдӯстии ҳамкоронамон Алифро пешқадамтарин ширкати молиявӣ ва технологии исломии ҷаҳон месозем



Мо боварӣ дорем, ки мақоми ҷамъиятии кормандон аҳамияте надорад. Танҳо ғайрату зиракӣ ва ростқавлию поквиҷдонӣ натиҷа медиҳанд. Аз ин рӯ, мо ба таҷриба низ нигоҳ накарда, шахсонеро ба кор мегирем, ки алови чашм ва хислатҳои инсонӣ доранд.
Ҳарсола шумораи ҳамкоронамон чандҳо маротиба зиёд мешавад. Айни ҳол дар Алиф зиёда аз 1 000 нафар кор карда, ҳаррӯза кӯшиш менамоянд, ки зиндагии мизоҷони азизамонро каме ҳам бошад, осонтар намоянд.





















