Дар барномаи Alif кадом ҳолат ва маҳдудиятҳо мавҷуданд?

Дар барнома 3 намуди мақом мавҷуданд: 

  1. Ғайрирасмӣ;
  2. Минималӣ (Онлайн-мушаххаскунӣ);
  3. Расмӣ.


Мақоми ғайрирасмӣ — ба шумо баъди сабти ном дар барнома дода мешавад.

Маҳдудиятҳо:

  • Маблағ дар ҳамён — то 1 500 сомонӣ;
  • Гардиши моҳона — то 3 750 сомонӣ;
  • Бо он метавонед танҳо хизматрасониҳоро пардохт кунед.
  • Фиристодани пул ба кортҳо ва ҳамёнҳои дигар дастнорас аст.


Мақоми минималӣ — баъд аз онлайн-мушаххаскунӣ пайдо мешавад.

Бо он ба шумо дастрас мешавад:

  • Маблағ дар ҳамён — то 26 250 сомонӣ;
  • Гардиши моҳона — то 26 250 сомонӣ;
  • Фиристодан ва гирифтани маблағ, аммо бо меъёрҳо.


Мақоми расмӣ — бо ин мақом ҳамаи имкониятҳои барнома ба шумо дастрас мешаванд. Маҳдудият танҳо якто ҳаст:

  • Маблағ дар ҳамён — то 131 250 сомонӣ.


Барои гирифтани ин мақом, бо шиносномаи аслӣ ба нуқтаҳои хизматрасонӣ ё офисҳои мо оед.

Инчунин, агар шумо ягон маҳсулоти моро истифода баред (мисли насия, амонат ва ғайра), мушаххаскунии пурра худаш анҷом дода мешавад.

Ҷавоб ба шумо фоидаовар буд?
Бале
Не