Дар барномаи Alif Mobi кадом ҳолат ва маҳдудиятҳо мавҷуданд?

Барномаи Alif Mobi як роҳи осони пардохти ҳаққи хизматрасонӣ, алоқаи мобилӣ, интернет, хизматрасониҳои коммуналӣ ва барқ ​​дар Тоҷикистон аст.


Бо истифода аз барномаи мо, шумо метавонед барои харид дар мағозаҳо пардохт кунед ва пули нақди гиред. 


Дар барнома 3 намуди статусҳо мавҷуданд: 


  1. Анонимный
  2. Минимальный (Онлайн-мушаххаскунӣ)
  3. Именной


Анонимный - статуси аввалинест, ки пас аз насб ва сабти барнома ба ҳар як корбар дода мешавад. Статус маҳдуд аст ва маҳдудиятҳои худро дорад: маблағи максималӣ дар ҳамён метавонад то 1440 сомонӣ ва гардиши моҳона то 3600 сомонӣ бошад. Бо ин статус, шумо метавонед танҳо барои хизматрасониҳо пардохт кунед. Интиқол аз ҳамён ба дигар ҳамёнҳо, кортҳо дастнорасанд.


Минимальный (Онлайн-мушаххаскунӣ) - статусе, ки ба мизоҷ ҳангоми тасдиқи шахсияти ӯ дода мешавад, яъне онлайн-мушаххаскунӣ. 

Ин статус низ маҳдудияти худро дорад: маблағи максималӣ дар ҳамён метавонад то 25 200 сомонӣ ва гардиши моҳона то 25 200 сомонӣ бошад. Интиқолҳо ба дигар кортҳо ва ҳамёнҳо мавҷуданд, аммо маҳдудиятҳо доранд.


Именной - ин статусе, ки барои интиқол, харид ва пардохтҳо маҳдудият надорад. Танҳо як маҳдудият вуҷуд дорад - лимити бақияи ҳамён то 126 000 сомонӣ. Шумо бояд бо шиносномаи аслии худ дар нуқтаҳои хизматрасонии Алиф ё офисҳо мушаххаскунӣ гузаред. Инчунин, ҳамаи мизоҷони Аоиф ҳангоми оғоз кардани истифодаи ягон маҳсулоти мо, хоҳ насияҳо, пасандозҳо ва ғайра ба таври автомати мушаххас карда мешаванд.

Ҷавоб ба шумо фоидаовар буд?
Бале
Не