Чӣ тавр корти Visa гирам?

Корти Visa-ро метавонед ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷа истифода баред. Бо ин корт метавонед пули нақд гиред, молу хизматрасониҳоро пардохт кунед, инчунин пулро ба 190+ кишвар равон намоед.


Айни ҳол мо якчанд намуди кортҳои Visa пешниҳод менамоем: Visa Gold, Visa Platinum ва Visa Infinite. Барои гирифтани корт дар alif.tj ё барномаи Alif дархост гузоред.


Нархи кортҳои Visa:

  • Visa Gold — якум корт ройгон аст, агар кортҳои Visa Platinum, Visa Infinite ё Mastercard надошта бошед. Агар дошта бошед, арзиши Visa Gold 20 сомонӣ мешавад. Агар Visa Gold дошта бошед, дуюм корт — 50 сомонӣ.
  • Visa Platinum — 300 сомонӣ.
  • Visa Infinite — 2000 сомонӣ.
1
Дар сайти alif.tj «Карты»-ро пахш кунед.
2
Баъдан қисми «Visa»-ро интихоб кунед.
3
Бо намудҳои корт шинос шуда, дилхоҳашро интихоб кунед ва «Получить карту»-ро пахш кунед.
4
Рақами телефонро ворид кунед, шаҳрро бо ҷои гирифтани корт интихоб кунед ва «Далее»-ро пахш намоед.
5
SMS-рамзеро, ки ба рақами телефони шумо меояд, ворид кунед.
6
Дархост қабул шуд, онро дида мебароем.
Ҷавоб ба шумо фоидаовар буд?
Бале
Не