Бо барномаи Alif байни кортҳои Visa доллар ва рубл равон кардан мумкин аст?

Кортҳои мо гуногунасъоранд — метавонед бо сомонӣ, доллар ва рубл истифода баред.

Интиқолҳо байни кортҳои Visa дар барномаи Alif дохилӣ ҳисоб мешаванд ва бе комиссия мегузаранд, ҳатто агар доллар ё рубл равон кунед.

Пул ҳамеша дар ҳамон асъоре мегузарад, ки шумо мефиристед:


  • сомонӣ — ба ҳисоби сомонӣ,
  • доллар — ба ҳисоби доллар,
  • рубл — ба ҳисоби рубл.


Масалан:

  • Сомонӣ фиристодед → бо сомонӣ мегузарад.
  • Доллар фиристодед → бо доллар мегузурад, ҳатто агар ҳисоби асосии қабулкунанда сомонӣ бошад.
  • Рубл фиристодед → бо рубл мегузарад, ҳатто агар ҳисоби асосии қабулкунанда сомонӣ бошад.


Ҷавоб ба шумо фоидаовар буд?
Бале
Не