Ба Telegram-боти мо нависед
Кӯшиш мекунем ба саволҳоятон зуд ҷавоб диҳем.
Бале, метавонед аз «Корти миллӣ» дар тамоми нуқтаҳои бонкҳои Тоҷикистон, ки бо ин система кор мекунанд, маблағ гиред. Комиссия то 1,5%, минимум 0,35 сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин метавонед маблағро аз корти Visa дар нуқтаҳои нақдии ҳамаи бонкҳои хориҷӣ ва Тоҷикистон, ки бо системаи Visa ҳамкорӣ мекунанд, гиред. Ҳангоми гирифтани маблағ аз бонкҳои Тоҷикистон, комиссия 1% (минимум 1 сомонӣ) аст. Ҳангоми гирифтани маблағ аз нуқтаҳои хориҷӣ, комиссия 2% + 25 сомониро ташкил медиҳад.