Кортро гум кардам, чӣ кор кунам?

Дар ҳолати гум шудани корт муҳим аст, ки онро ҳар чӣ зудтар маҳкам кунед, то ки пулатон дар амон бошад. Кортро метавонед дар барномаи Alif худатон маҳкам кунед.

Чӣ тавр кортро маҳкам кардан мумкин аст:



1
Барномаи Alif-ро кушоед.
2
Ба бахши «Кортҳо» дароед. Корти гумшударо интихоб кунед.
3
Тугмаи «Маҳкам кардан»-ро пахш кунед. Тасдиқ кунед.
Агар натавонед кортро худатон маҳкам кунед, ба рақами 900 занг занед — кумак мекунем. Баъд аз ин дархост гузоред, кортро аз нав мебарорем.
Ҷавоб ба шумо фоидаовар буд?
Бале
Не