Агар корт осеб ёфт, муҳлаташ гузашт ё онро гум карда бошед, ба рақами 900 занг занед ё ба Telegram-бот нависед. Барои корти нав дархост мегузорем ва он дар давоми 3 рӯзи корӣ омода мешавад.
Мутаасифона, «Корти миллӣ»-ро аз нав бароварда наметавонем.
Нархҳо барои аз нав баровардани кортҳои Visa
Агар муҳлати корт гузашт:
Visa Gold — ройгон¹ ё 50 сомонӣ²;
Visa Platinum — 100³ ё 200 сомонӣ⁴;
Visa Infinite — 1 000 сомонӣ.
Бо дархости доранда:
Visa Gold — 50 сомонӣ;
Visa Platinum — 200 сомонӣ;
Visa Infinite — 2 000 сомонӣ.
¹ Корти якум
² Корти иловагӣ
³ Корти якум
⁴ Корти иловагӣ
Аз нав баровардани PIN-рамз.
Агар PIN-рамзи «Корти миллӣ»-ро фаромӯш карда бошед, метавонед онро дар дохилӣ барномаи Alif Mobi ройгон иваз кунед.
Ба шумо занг занем?
Дархост гузоред, бо шумо тамос мегирем