Чӣ хел аз қаллобон муҳофизат карда мешавад?

1. Манбаи маълумотро тафтиш кунед.

Пеш аз ба ягон сайт ё паёмак бовар кардан, бисанҷед, ки манбаъ бехатар аст. 2. Ба рекламаи даромади зуд бовар накунед.

Ваъдаи даромади зуд ва бе кӯшиш — усули қаллобон аст.

3. Ба истинодҳои шубҳанок нагузаред.

Истинодҳое, ки аз SMS, мессенҷер ё почтаи электронии ношинос меоянд, метавонанд ба сайтҳои қалбакӣ баранд. Ин гуна сайтҳо метавонанд маълумоти шуморо дуздида гиранд.

4. Логин ва гузарвожаи худро (пароль) дар сайтҳои ғайрирасмӣ ворид накунед.

Ҳеҷ гоҳ маълумоти шахсиро берун аз сайт ё барномаи расмӣ ворид накунед.

5. Маълумоти корт ва шиносномаатонро равон накунед.

Ба ҳеҷ кас маълумоти кортатонро (масалан, CVV), SMS-рамзҳо ё маълумоти шиносномаатонро равон накунед. Қаллобон ин маълумотро барои дуздии пул ё гирифтани қарз ба номи шумо истифода бурда метавонанд.

Ҷавоб ба шумо фоидаовар буд?
Бале
Не