Мағоза аз қабул ё иваз кардани моли сифаташ паст даст мекашад. Ба куҷо муроҷиат намоям?

Агар шарик аз риояи талаботи баргардонидан / рафъи камбудиҳо / мутаносибан паст кардани нархи мол даст кашад, мизоҷ метавонад ба яке аз мақомоти зерин муроҷиат кунад:


  • Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ назорати давлатиро аз болои риоя ва иҷрои талаботи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон амалӣ менамояд;
  • Мақомоти давлатии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдо;
  • Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (ҳукуматҳои ноҳия);
  • Иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон (иттиҳодияи онҳо, иттифоқҳо);
  • Мақомоти судӣ;
  • Прокуратура.


Дар ҳолати шикоят кардани харидор оид ба паст будани сифати мол, фурӯшанда ӯҳдадор аст:


  • Молро баргардонад;
  • Камбудии молро ройгон бартараф кунад;
  • Нархи молро мутаносибан паст кунад.
Ҷавоб ба шумо фоидаовар буд?
Бале
Не