Apple Pay

Apple Pay акнун дар Тоҷикистон

Кортро илова кардан
То 10% кешбэк бо Apple Pay

Харидҳоро бо кортҳои байналмиллалии Алиф тавассути Apple Pay дар Тоҷикистон ва хориҷа пардохт кунед. То 10% кешбэк гиред.

Чӣ қадар кешбэк гирифтан мумкин аст

10% кешбэк

То 100 сомонӣ барои як харид

То 500 сомонӣ дар як моҳ

Маблағи як харид бояд аз 10 сомонӣ зиёд бошад.

Кешбэк рӯзи дигар пас аз пардохт мегузарад.

Муҳлати иқдом

Аз 1 то 31 августи соли 2026.

Бо Visa танҳо барои харидҳо дар дохили Тоҷикистон кешбэк мегиред. Бо Mastercard бошад — ҳам барои харидҳо дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷа.

Ин зуд, қулай ва бехатар аст.

Кортро ба Apple Pay пайваст карда, харидҳоро бо iPhone ё Apple Watch пардохт намоед.

Пардохтҳои осон ва зуд
Пардохтҳои осон ва зуд
Бехатарӣ бо Face ID ва Touch ID
Бехатарӣ бо Face ID ва Touch ID
Бе интернет кор мекунад
Бе интернет кор мекунад
Онлайн, дар барнома ва мағоза
Онлайн, дар барнома ва мағоза

Apple Pay дар як таҷҳизот. Apple Pay дар ҳамаи таҷҳизот.

Apple Pay дар iPhone, Apple Watch, Mac, iPad ва Apple Vision Pro дастрас аст. Корти байналмиллалии худро ба Apple Wallet дар iPhone илова кунед — баъд онро ба дигар таҷҳизоти Apple ҳам ба осонӣ илова карда метавонед.

Чӣ тавр Apple Pay-ро фаъол кардан мумкин аст?

Дар барномаи Alif кортро интихоб карда, «Илова ба Apple Wallet»-ро пахш намоед.
Таҷҳизотро интихоб карда, «Идома»-ро пахш кунед ва тасдиқро интизор шавед.
Барои илова ба таҷҳизоти дигар, онро интихоб карда, «Илова кардан»-ро пахш кунед.

Чӣ тавр Apple Pay-ро истифода бурдан?

Барои бехатарӣ сохта шудааст. Танҳо шумо пардохт карда метавонед.

Ҳар як пардохт бо Apple Pay бо Face ID, Touch ID ё рамзи дастгоҳ тасдиқ мешавад. Рақами корти дебетӣ ё қарзии шумо ба фурӯшандагон дода намешавад ва дар серверҳои Apple нигоҳ дошта намешавад. 

 

Агар iPhone-и худро гум кунед, онро зуд дар бахши Find My тавассути Mac, iPad ё iCloud.com ҳамчун гумшуда қайд кунед, то ки корт муваққатан боздошта шавад. Инчунин барои ҳифзи маблағ метавонед кортро дар барномаи Alif маҳкам кунед.

Ҷавоб ба саволҳои муҳим