13 ноябр дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо се иҷозатнома барои фаъолияти брокериву дилерӣ дар бозори коғазҳои қиматнок, инчунин барои идоракунии эътимоднокии онҳо дода шуда буд.
Пештар барои гирифтани ин хел иҷозатномаҳо ба Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат пешниҳод карда будем.
Бо дархости мизоҷон ва хоҳиши худамон ба сармоягузорӣ ба коғазҳои қиматнок, мо ба хулосаи гирифтани иҷозатномаҳо омадем. Иштирокчии бозори коғазҳои қиматнок гардида, ба мизоҷонамон ва шариконамон амалиёт бо коғазҳои қиматнок пешниҳод карда метавонем. Масалан, хариду фурӯши онҳо аз номи мизоҷон ва қобилияти идоракунии эътимоднокии коғазҳои қиматнок.
Дар оянда ба нақша гирифтаем, ки чорабиниҳоро оид ба фаъолият дар сармоягузорӣ ба коғазҳои қиматнок гузаронем. Пас аз онҳо ба мизоҷонамон (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ) маҳсулоти гуногуни сармоягузориро пешниҳод карда метавонем.