Шартҳои пуркунӣ ва гирифтани маблағро аз суратҳисоб ва амонат каме иваз кардем. Пештар, ҳангоми пур кардани суратҳисоб бо нақд ё пардохти ғайринақдӣ, пас аз гирифтани пул барои ҳамаи асъор 0,9% комиссия гирифта мешуд. Бо вуҷуди ин, мо шартҳоро аз нав дида баромадем. Акнун агар шумо суратҳисобатонро бо пули нақд пур кунед, дар вақти гирифтани маблағ комиссия 0% мешавад. Агар суратҳисобро бо усули ғайринақдӣ пур карданиед, комиссия дар вақти гирифтани маблағ 0,9% барои ҳамаи асъор мемонад. Ҳангоми гирифтани пул бо рубл комиссия — 0,5%.
Маълумот оид ба амонат:
Пас аз пур кардани амонат бо пули нақд, дар вақти гирифтани маблағ на бо сомонӣ, на бо доллар комиссия нест. Ҳангоми пур кардани амонат бо пардохти ғайринақдӣ баъзе маҳдудиятҳо ба миён меоянд. Агар шумо дар давоми 30 рӯз пулро бо сомонӣ гиред, комиссия — 0,9%. Пас аз 30 рӯз, пулро бе комиссия гирифтан мумкин аст. Барои гирифтани пул бо доллар то 90 рӯз — 0,9%, пас аз 90 рӯз — 0%.
Маълумоти муфассал оид ба тарофаҳо дар ин ҷост.