Шаҳодатномаи бехатарии SNAPSEC

Барномаи Alif Mobi санҷиши семоҳаи амниятиро бо муваффақият гузашт. Санҷише, ки 11 октябри соли 2023 оғоз ёфта буд, дараҷаи баланди муҳофизати Alif Mobi-ро тасдиқ кард. Ширкати байналмилалии киберамнияти SNAPSEC ба мо шаҳодатномаеро тақдим намуд, ки сатҳи баланди амнияти барномаро нишон медиҳад. Ин ҳуҷҷат кафолат медиҳад, ки дар Alif Mobi ягон осебпазирии муҳим ёфта нашуд.

Ҳангоми санҷиш якчанд кор оид ба осебпазирӣ ва санҷиши воридшавӣ (VAPT) анҷом дода шуд. Мутахассисони SNAPSEC барои беҳтар кардани системаи амният тавсияҳо пешниҳод карданд, ки аз ҷониби дастаи IT-и мо сари вақт амалӣ карда шуданд.

Мо ҳамеша аз паи мустаҳкам кардани ҳамаи низомҳо, бахусус, IT мебошад. Дар 2022 сол, барои мубориза ба қаллобон, системаҳои амниятии худро боз ҳам қавитар кардем. Дар натиҷаи ин чораҳо, дар давоми 2023 ягон ҳолати қаллобӣ дар барномаи Alif Mobi сабт нашудааст.

 

Маълумоти кутоҳ оид ба SNAPSEC:

SNAPSEC бо идорае, ки дар Лондон ҷойгир аст, ба санҷиши киберамният ва воридшавӣ тахассус дорад. Ширкат ӯҳдадор аст, ки хизматрасонии баландсифати киберамният, аз ҷумла санҷиши воридшавӣ, осебпазирӣ ва ҳифозати доимиро таъмин кунад.

Фиристодан
Баргаштан