Мо рӯйхати кишварҳоро дар барномаи Alif Mobi васеъ кардем — акнун 120+ кишварҳои хориҷӣ барои интиқоли маблағ дастрасанд. Пештар истифодабарандагон ба 50+ кишвар пул фиристода метавонистанд, ҳоло ин рӯйхат ба 70+ зиёд шудааст. Дар байни онҳо Британияи Кабир, Венгрия, Португалия, Уммон, Камбоҷа ва бисёр давлатҳои дигар илова шудаанд. Интиқоли пул тавассути технологияи Visa Direct мегузарад.
Барои интиқоли байналмилалӣ дар барномаи Alif Mobi ин қадамҳоро иҷро кардан лозим аст:
1. Дар барнома бахши «Интиқол ба хориҷа»-ро пахш кунед.
2. Аз рӯйхат кишвари лозимаро интихоб кунед.
3. Маълумоти қабулкунандаро ворид карда, интиқолро тасдиқ кунед.
Ин имконияти Alif Mobi интиқолро ба хориҷа осон гардонида, барои истифодабарандагон фиристодани пулро боз ҳам дастрас мекунад. Ин навсозӣ барои қонеъ кардани ниёзҳои мизоҷоне, ки зуд-зуд ба хориҷа пул равон мекунанд, лозим аст.
Насб кардани барнома дар ин ҷо.