Ҷорӣ кардани технологияи Garmin Pay

Аввалин бор дар Тоҷикистон якҷоя бо Visa ва Garmin технологияи токенизатсияи кортҳои Visa-ро бо истифодабарии Garmin Pay ҷорӣ кардем.

Акнун мизоҷон метавонанд дар нуқтаҳои гуногун бо соатҳои донои Garmin, ки ба кортҳои Visa пайвастанд, пардохт кунанд.

Garmin Pay барои одамони фаъол мувофиқ буда, пардохтҳои қулай ва бехатарро бидуни тамос пешниҳод мекунад. Мизоҷон метавонанд бо соатҳои донои Garmin дар ҳама нуқтаҳое, ки пардохтро бо корти Visa бидуни тамос қабул мекунад, пардохт намоянд.

Афзалияти асосии ин — бехатарии баланд бо технологияи токенизатсияи Visa Token Service. Маълумоти кортро ба рамзи ягонаи рақамӣ гардонида, аз дастрасии беиҷозат муҳофизат мекунад.

Дар соҳаи пешқадами молиявӣ навовар буда, кӯшиш мекунем якҷоя бо дигар шарикон хизматрасониҳои инноватсионӣ ва бехатар пешниҳод кунем.

Фиристодан
Баргаштан