Бо ду бонки машҳур — Mashreq Bank (Амороти Муттаҳидаи Араб) ва Aktif Bank (Туркия) созишномаи сармоягузории Master Wakala бастаем. Ба принсипҳои маблағгузории исломӣ мувофиқ буда, ба ҷойгиркунии маблағ ва сармоягузорӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст. Ин бароямон имкониятҳои навро дар сатҳи байналмиллалӣ мекушояд.
Тибқи созишномаҳо ин бонкҳо ҳамчун агентҳои мо шуда, маблағамонро ба дороиҳои гуногуни молиявӣ сармоягузорӣ мекунанд. Даромаднокиро зиёд карда, барои амонатгузорон шартҳои муфидтар ҳам фаро меоранд.
Асосан ният ва нақшаи мо ин анҷом додани сармоягузории кӯтоҳмуҳлат. Ин устувории хизматрасониҳои молиявии моро нигоҳ дошта, нишондиҳандаҳои баланди дороиҳоро таъмин мекунад.
Ҳамкорӣ бо ин бонкҳо дар соҳаи маблағгузорӣ дурнамои нав мекушояд ва ба рушдамон ҳамчун як муассисаи молиявии боэътимод ва инноватсионӣ мусоидат мекунад.