Хизматрасониҳои Алиф дар терминалҳои «Эсхата»

Аз 1 январи соли 2024 истифода бурдани хизматрасониҳои мо тавассути терминалҳои «Эсхата» дастнорас мешаванд.

Мисли пештара, мизоҷон метавонанд дар терминалҳои мо насияро пардохт кунанд, ҳисоби Alif Mobi, амонат ва кортҳои худро пур кунанд. Барои бароҳат истифода бурдани терминалҳо шумораи онҳоро зиёд карда истодаем, то ки мизоҷон хизматрасониҳоро осонтар амалӣ гардонанд. Ҳозир бошад, дар кишвар 345 терминал ҷойгиранд.

Инчунин ҳамаи амалиётҳо тавассути онҳо бе комиссия иҷро мешаванд.

Терминалҳо дар ин шаҳрҳо ва ноҳияҳо ҳастанд: Душанбе, Хуҷанд, Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат, Истаравшан, Гулистон, Пандҷакент, Бӯстон, Бохтар, Бобоҷон Ғафуров.

Ҳамаи суроғаҳо дар ин ҷо.

Фиристодан
Баргаштан