Хазинаи шабона дар Хуҷанд

Акнун хазинаи мо дар Хуҷанд то соати 21:00 кор мекунад. Мизоҷон дар ин шаҳр баъд аз кор ба хазина омада, амалиёти лозимаро дар вақти дастрас анҷом додан метавонанд.

Ин амалиёт дастрасанд: гирифтан ва пур кардани ҳисоби «Корти миллӣ», амалиёти alif mobi, кортҳои Visa ва амонат, инчунин пардохти насия.

Хазинаамон аз душанбе то панҷшанбе аз 09:00 то 21:00 кор мекунад, рӯзи шанбе — аз соати 10:00 то 16:00. Якшанбе — рӯзи истироҳат.

Суроғаи хазина: кӯчаи Раҳим Ҷалил, 2. Нишона: гардиши кӯчаи Мир.

Маълумотро оид ба соатҳои кории нуқтаҳо ва филиалҳоямон дар ин ҷо ёбед.

Фиристодан
Баргаштан