Google Pay акнун дар Тоҷикистон

Google Pay™ — системаи пардохтии мобилиест, ки акнун дар Тоҷикистон дастрас аст. Бо ин система истифодабарандагон метавонанд бетамос бо телефон тариқи POS-терминалҳо пардохт кунанд ё дар Интернет харид намоянд.

Бо ҳамроҳии Visa мо Google Pay-ро дар Тоҷикистон ворид кардем, то ки пардохтҳо боз ҳам осонтар ва тезтар шаванд.

 

Афзалияти Google Pay чист?

Системаи Google Pay якчанд афзалиятҳое дорад, ки пардохтҳоро қулай мегардонанд:

Зуд ва осон. Корти ҷисмониро бо худ гирифтан лозим нест — танҳо телефон лозим.
Бе интернет кор мекунад. Барои пардохт фаъол будани NFC-ро тафтиш карда, телефонро ба POS-терминал наздик кунед.
Дар хориҷа бе комиссия дастрас аст. Google Pay дар миллион нуқтаи савдои ҷаҳон қабул мешавад ва саёҳатро бароҳат мекунад.

 

Раванди пардохт ва дастурамал оид ба пайваст кардани корти Visa ба Google Pay дар ин ҷо.

 

Агар то ҳол корти Visa надошта бошед, дилхоҳашро интихоб карда, дархост гузоред. Бо Google Pay метавонед бо як расиш, бехатар ва бе комиссия дар саросари ҷаҳон пардохт намоед.

Фиристодан
Баргаштан