Танҳо барои мизоҷони корпоративии Alif Business: Холҳоро ба туҳфаҳо иваз кунед 🎁
Акнун барои харидҳои ҳаррӯзаатон туҳфа гирифта метавонед. Бо корти Visa Business пардохт карда, холҳоро ҷамъ намоеду онҳоро ба туҳфаҳои зӯр ва аз ҳама муҳим кафолатӣ иваз кунед.
Чӣ хел?
— Дар интернет ё мағозаҳо бо корти Visa Business пардохт кунед.
—Аз маблағи харид 10% бонус гиред. Масалан, барои пардохт бо 1 000 сомонӣ — 100 хол бонусӣ ба даст меоред.
— Дар бахши «Бонусҳо»-и Alif Business холҳоро ба туҳфаҳо иваз намоед.
Холҳоро ба чӣ иваз кардан мумкин аст?
Аз рӯйхати туҳфаҳо дар интернет-бонки Alif Business интихоб кунед:
🎁 Кортмонак — 1 000 хол
🎁 Шаҳодатномаи La Cite ба маблағи 500 сомонӣ — 4 500 хол
🎁 iPhone 16 Pro Max — 176 500 хол
Дар интернет-бонк туҳфаҳои бештар дастрасанд. Ба кадомаш ки холҳоятон мерасад, ҳамонро интихоб кунед.
Дар куҷо бақияи холҳоро дидан мумкин аст?
Дар бахши «Бонусҳо» ҳастанд:
— Тавозун ва таърихи харидҳо. Ҳамаи холҳои ҷамъшударо дар ин ҷо меёбед.
— Туҳфаҳо ва таърихи дархостҳо. Хароҷоти бонусии худро назорат кунед.
Шартҳои муҳими иловагӣ:
- Холҳо танҳо барои пардохт бо корт ҳисоб карда мешаванд (интиқолҳо ва супоришҳои пардохтӣ дохил намешаванд).
- Агар харид бекор шавад, холҳо низ бекор мешаванд.
Маълумоти бештар оид ба барномаи бонусӣ дар ин ҷост.
Агар корти Visa Business надошта бошед, онро дар сайт ё дар худи интернет-бонки Alif Business дархост кунед.
Кортро бештар истифода баред, холҳоро ҷамъ кунед ва худро бо туҳфаҳои арзишманд шод кунед 💚