Як маркази нави бонкии хизматрасониро дар ноҳияи Ҷаббор Расулов кушодем
Шабакаи марказҳои худро дар саросари кишвар васеъ кардан мегирем, то ки хизматрасониҳои молиявӣ ба ҳама наздиктар ва дастрас шаванд. Маркази нав дар деҳаи Гулхона, ноҳияи Ҷаббор Расулов корро оғоз кард. Акнун сокинон метавонанд хизматрасониҳои лозимаро дар назди манзили худ дастрас намоянд — бе сафар ба шаҳрҳои дигар.
Кадом хизиматрасониҳо дар марказ дастрасанд
Дар ин ҷо шумо метавонед:
— барои харид ба насия дархост гузоред;
— барои маблағгузории мошин дархост кунед;
— кортҳои Visa, Mastercard ё «Корти миллӣ» гиред;
— маблағ гиред ё интиқол диҳед;
— барои истифодаи пурраи Alif мушаххаскуниро гузаред.
Ҳамаи хизматрасониҳо дар ҷояш зуд, қулай ва бе коғазбозӣ пешниҳод карда мешаванд.
Ҷойгиршавии марказ
Суроғаи марказ:
деҳаи Гулхона, кӯчаи Рӯдакӣ, ноҳияи Ҷаббор Расулов.
Рӯйхати ҳамаи марказҳо, офисҳо ва нуқтаҳои хизматрасонии моро дар ин ҷо бинед.