Барои анҷом додани корҳои таъмирӣ дар Алиф ширкатҳоро барои ҳамкории судманд интихоб мекунем. Ширкатҳо бояд таснифот ва талаботи мувофиқ пешниҳод кунанд.
Ба иштирокчиён лозим аст:
— Гузоштани пешниҳоди тиҷоратӣ;
— Таҷриба дар корҳои таъмирӣ дар муассисаҳои бонкӣ ва молиявӣ;
— Иҷозатномаҳо ва шаҳодатномаҳо оид ба корҳои таъмирӣ;
— Пешниҳод кардани масолеҳ ва хизматрасониҳои босифат дар муҳлатҳои муайян.
— Пешниҳод кардани маълумоти бештар оид ба корҳои иҷрокардашуда (портфел ё номи объектҳо).
— Ариза дар бораи иштирок дар озмун, ки бо имзои роҳбар ва муҳр тасдиқ шудааст. Намунаи ариза — дар ин ҷо.
Кадом ҷойҳоро таъмир кардан лозим:
— Офисҳо;
— Ҳуҷраҳои техникӣ;
— Коридорҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ.
Сана:
Дархостро то соати 18:00 15 марти соли 2024 бо пешниҳоди тиҷоратӣ ва ҳамаи маълумоти лозима ба tenders@alif.tj равон намоед.
Ё пешниҳодро ба суроғаи зерин дастрас намоед:
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734019,
ш. Душанбе, 101-ум маҳалла, кӯч. Баҳовуддинов, 9.
Маълумоти пурраро оид ба тендер аз ин ҷо гиред.
Пас аз анҷом гузоштани дархостҳо ба иштирокчиён маълумоти иловагӣ оид ба тендер ва лоиҳа пешниҳод мекунем.
Ба мо тамос гиред:
Агар савол бошад, ба рақами +992 900 90 2552 занг занед.
Ташаккур ва ҳамкории муваффақро интизорем :)