Тендер барои харидории воситаҳои нақлиёти сабукрави барқӣ

Барои харидории воситаҳои нақлиёти сабукрави барқӣ — BYD Song PLUS EV Champion Edition 520KM Deluxe (8 мошин) тендер эълон менамоем, ки он 25 апрели соли 2024 ба анҷом мерасад.

 

Барои иштирок дар тендер ширкатҳову мағозаҳои ҳавасманд ба мо ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод карда метавонанд:
— Пешниҳоди тиҷоратӣ ва маълумот дар бораи ташкилот;
— Нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ / соҳибкори инфиродӣ;
— Иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ;
— Рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
— Мушаххасоти бонкӣ дар бланкаи расмӣ;
— Нусхаи шиносномаҳо ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати шахсе, ки аз номи Иштирокчии харид амал мекунад;
— Дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар талаботи ҳуҷҷатгузорӣ зикр карда шудаанд;
— Маълумотнома аз нозироти андоз, ки шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ аз андоз қарздор нест;
— Аризаи ширкат дар бораи иштирок дар озмун, ки бо имзои роҳбар ва муҳртасдиқ шудааст. Намунаи ариза дар ин ҷо

 

Муҳим: Ширкатҳои хориҷӣ хароҷоти интиқолро ба нуқтаи муайяншуда пардохт мекунанд. Мо расмиёти гумрукиро анҷом медиҳем.

 

Кафолат ва хизматрасонӣ талаб карда мешаванд.

 

Ширкатҳои ҳавасманд метавонанд барои иштирок дар тендер дархостро ба почтаи электрониамон ирсол намоянд — tenders@alif.tj

Ё пешниҳодро ба суроғаи зерин дастрас намоед:
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734019,
ш. Душанбе, 101-ум маҳалла, кӯч. Баҳовуддинов, 9.

Фиристодан
Баргаштан