Тендер барои харидории маҳсулоти чопӣ

Барои харидории маҳсулоти чопӣ тендер (озмуни кушод) эълон менамоем. Тендер 7 апрели соли 2024 ба анҷом мерасад.

 

Барои иштирок дар тендер ширкатҳову мағозаҳои ҳавасманд ба мо ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод карда метавонанд:
— Пешниҳоди тиҷоратӣ ва маълумот дар бораи ташкилот;
— Нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ / соҳибкори инфиродӣ;
— Иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ;
— Рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
— Мушаххасоти бонкӣ дар бланкаи расмӣ;
— Нусхаи шиносномаҳо ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати шахсе, ки аз номи Иштирокчии харид амал мекунад;
— Дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар талаботи ҳуҷҷатгузорӣ зикр карда шудаанд;
— Маълумотнома аз нозироти андоз, ки шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ аз андоз қарздор нест;
— Аризаи ширкат дар бораи иштирок дар озмун, ки бо имзои роҳбар ва муҳртасдиқ шудааст. Намунаи ариза дар ин ҷо

 

Ном ва хусусияти пурраи маҳсулоти чопиро дар ин ҷо дида метавонед.


Ширкатҳои ҳавасманд метавонанд барои иштирок дар тендер дархостро ба почтаи электрониамон ирсол намоянд — tenders@alif.tj. 

Муҳим: Ҳангоми равон кардани мактуб ҳатман мавзуи тендерро нависед (маҳсулоти чопӣ).


Ё пешниҳодро ба суроғаи зерин дастрас намоед:
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734019,
ш. Душанбе, 101-ум маҳалла, кӯч. Баҳовуддинов, 9.

Фиристодан
Баргаштан