Тендер барои харидории кондитсионерҳо бо функсияҳои сардӣ ва гармдиҳӣ

Барои харидории кондитсионерҳо бо функсияҳои сардӣ ва гармдиҳӣ тендер (озмуни кушод) эълон менамоем. Тендер 4 апрели соли 2024 ба анҷом мерасад.

Барои иштирок дар тендер ширкатҳову мағозаҳои ҳавасманд ба мо ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод карда метавонанд:
— Пешниҳоди тиҷоратӣ ва маълумот дар бораи ташкилот;
— Нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ / соҳибкори инфиродӣ;
— Иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ;
— Рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
— Мушаххасоти бонкӣ дар бланкаи расмӣ;
— Нусхаи шиносномаҳо ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати шахсе, ки аз номи Иштирокчии харид амал мекунад;
— Дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар талаботи ҳуҷҷатгузорӣ зикр карда шудаанд;
— Маълумотнома аз нозироти андоз, ки шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ аз андоз қарздор нест;
— Аризаи ширкат дар бораи иштирок дар озмун, ки бо имзои роҳбар ва муҳртасдиқ шудааст. Намунаи ариза дар ин ҷо

Инчунин муҳим аст:
— Нарх бо монтаж;
— Нарх бо бурдарасонӣ ба Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб.

Намуди кондитсионерҳоро дар ин ҳуҷҷат ёфта метавонед — рӯйхат

Ширкатҳои ҳавасманд метавонанд барои иштирок дар тендер дархостро ба почтаи электрониамон ирсол намоянд — tenders@alif.tj

Ё пешниҳодро ба суроғаи зерин дастрас намоед:
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734019,
ш. Душанбе, 101-ум маҳалла, кӯч. Баҳовуддинов, 9.

Фиристодан
Баргаштан