Тендер барои харидории бомпуши банкомат (козырек)

Барои харидории бомпуши банкомат (козырёк) тендер эълон менамоем, ки он 26 июни соли 2025 ба анҷом мерасад.

 

Барои иштирок дар тендер ширкатҳову мағозаҳои ҳавасманд ба мо ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод карда метавонанд:

— Пешниҳоди тиҷоратӣ ва маълумот дар бораи ташкилот;

— Нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ / соҳибкори инфиродӣ;

— Иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ;

— Рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

— Мушаххасоти бонкӣ дар бланкаи расмӣ;

— Нусхаи шиносномаҳо ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати шахсе, ки аз номи Иштирокчии харид амал мекунад;

— Дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар талаботи ҳуҷҷатгузорӣ зикр карда шудаанд;

— Маълумотнома аз нозироти андоз, ки шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ аз андоз қарздор нест;

— Аризаи ширкат дар бораи иштирок дар озмун, ки бо имзои роҳбар ва муҳртасдиқ шудааст. Намунаи ариза дар ин ҷо.

 

Хусусиятҳо ва намунаҳои дизайнро пас ас гузоштани дархост равон мекунем.

 

Диққат: Дархостҳо барои иштирок дар тендер танҳо тавассути почтаи электронӣ қабул карда мешаванд — tenders@alif.tj 

Фиристодан
Баргаштан