Рӯзи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон
Рӯзи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон: ҳуқуқҳои шумо ҳамчун мизоҷи мо
15 март — Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи истеъмолкунандагон. Барои мо ин рӯз як чизро хотиррасон мекунад: хизматрасониҳо бояд барои шумо фаҳмо, бехатар ва қулай бошанд.
Ҳамчун мизоҷ шумо ҳуқуқ доред:
— Маълумоти равшан ва шаффоф гиред. Шарту шароитҳоро бо забони сода мефаҳмонем ва ба саволҳо ҷавоб медиҳем.
— Хизматрасониҳои бехатар ва боэътимодро истифода баред. Сифати хизматрасониҳо ва амниятро доим назорат мекунем.
— Барои кумак ва ҷуброн муроҷиат кунед. Агар хизматрасонӣ ба шартнома мувофиқ набошад ё камбудӣ дошта бошад, метавонед ҳалли мушкилиро талаб кунед.
Агар ҳангоми истифодаи маҳсулот ё хизматрасониҳои мо мушкилоте пайдо шавад, ҳамеша барои суҳбат ва кумак омодаем.
📞 Барои тамос:
900 — барои зангҳо аз телефонҳои мобилӣ дар Тоҷикистон
+992 44 600 1520 — телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон барои арзу шикоятҳо