Пардохтро бо як пахш тасдиқ кунед

Акнун тасдиқкунии онлайн-харидҳо боз ҳам осонтар шуд: танҳо як пахш дар барномаи Alif кофист.

 

Рамзро тариқи SMS ё push интизор будан ва ворид кардани он дигар лозим нест — танҳо барномаро кушоеду пардохтро тасдиқ кунед. Ин функсия барои онҳое бисёр қулай аст, ки зуд-зуд аз маркетплейсҳо мисли Pinduoduo, Taobao, 1688 ва дигарон харид мекунанд.

Агар дар 30 сония пардохтро тасдиқ накунед, рамз тариқи SMS ё push мисли пештара меояд — метавонед онро дастӣ ворид кунед.

 

Барои истифодаи имконияти нав барномаи Alif-ро дар App Store ё Google Play нав кунед.

Фиристодан
Баргаштан