Ҷоиза барои рушди инфрасохтори рақамӣ
16 октябр барои саҳми назаррас дар рушди низоми пардохтҳои рақамӣ ва хизматрасониҳои бонкдории мобилӣ дар Тоҷикистон соҳиби ҷоиза шудем.
«Барои рушди бонкдории Ҷумҳурии Тоҷикистон — 2026» дар самти «Бонкдории рақамӣ» соҳиби ҷоиза шудем. Ҷоиза ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Алиф дар номинатсияи «Рушди инфрасохтори рақамӣ» дар самти хизматрасониҳои бонкдории мобилӣ қадрдонӣ шуд. Ҷоиза барои саҳми назаррас дар рушди низоми пардохтҳои рақамӣ ва хизматрасониҳои бонкдории мобилӣ дар Тоҷикистон супорида шуд.
Рушди хизматрасониҳои молиявии рақамиро идома медиҳем, то ки пардохтҳо ва хизматрасониҳои бонкӣ барои мардум дастрасу қулайтар бошанд.
Ба дастаи худ ва ҳамаи шумо, ки Алифро интихоб мекунеду ба мо боварӣ доред, ташаккур 💚