Мо 10-сола шудем: аз орзу то ба дастовардҳо

   Имсол 10-солагии худро ҷашн мегирем — ин на танҳо рақам аст, балки шаҳодате, ки чӣ тавр як орзуи хурд тавонист ба яке аз ширкатҳои молиявӣ ва технологии пешсафи минтақа табдил ёбад. Соли 2014 бо 3 ҳаммуассис дар назди худ мақсаде гузоштем, ки соҳаи молиявиро иваз намоем. Имрӯз шукрона аз он мекунем, ки тавонистем орзуҳои худро амалӣ намоем ва ҳамчунин дар назди худ боз мақсадҳои тозаву бузург гузорем.

 

Мо маҳсулоти молиявӣ ва технологиро аз сифр сохта, барои мизоҷон хизматрасониҳои инноватсионӣ ва қулайро пешниҳод менамоем. Барномаи Alif Mobi мизоҷон роҳи интиқоли маблағро ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он тағйир дод. Акнун мизоҷони мо метавонанд хизматрасониҳоро онлайн ва ҳангоми саёҳат бароҳат пардохт намоянд, ки зиндагиашонро боз ҳам осонтар намуд. Ба ғайр аз ин маркетплейси Alif Shop ва рӯйхати васеи хизматрасониҳои молиявии мо ба монанди онлайн-бонкдорӣ, маблағгузории мошин, амонатҳо ва дигар маҳсулот ба мизоҷон имконият медиҳанд, ки амалиётҳои худро ба осонӣ, онлайн идора намоянд.

 

Дар ин роҳи пурбаракат дар якҷоягӣ бо ҳамфикрон мо барои беҳтар кардани ҳаёти мардум ва рушди иқтисод кӯшиш меварзем. Ба ҳамаи мизоҷон, шарикон ва алифиён миннатдории худро барои боварӣ ва дастгирӣ баён менамоем. Боварӣ дорем, ки бо орзуҳо, дастовардҳо ва имкониятҳое, ки дар кишварамон фароҳам оварда шудаанд, бо ҳам таърихи зебое месозем.

 

Маълумоти бештар оид ба 10-солагии мо дар ин ҷо: 10.alif.tj

Фиристодан
Баргаштан