Маркази хизматрасонии нав дар бозори «Кӯшониён»

Маркази хизматрасонии нав дар бозори «Кӯшониён» кушодем, то ки мизоҷон хизматрасониҳоямонро истифода бурда тавонанд.

 

Кадом хизматрасониҳо дастрасанд?

Дар ин ҷо мизоҷон метавонанд корти «Салом» дархост намоянд, бо шартҳои мувофиқ ба насия гиранд, онро пардохт ё маҳкам кунанд. Инчунин метавонанд «Корти миллӣ»-и ройгонро барои фиристодани пул дар кишвар, қабули интиқол аз Русия ва пардохти харидҳо дастрас намоянд.

Барои ба пуррагӣ истифода бурдани имкониятҳои Alif Mobi, мушаххаскуниро дар офисамон гузашта мешавад.

Пуркунӣ ва гирифтани нақд аз ҳисобҳои «Корти миллӣ» ва Alif Mobi, интиқоли маблағ ва ҳатто мубодилаи асъор низ дастрасанд.

Агар савол дошта бошед, марҳамат, ба Telegram-боти мо нависед.

 

Дар куҷоем?

Марҳамат кунед ва хизматрасониҳоро бароҳат истифода баред. Суроға — х. Ҳофиз Шерозӣ, 28—30. Нишона: бозори «Кӯшониён», 18-ум блок, 2-юм ошёна, сектори бонкӣ.

Фиристодан
Баргаштан