Лоиҳаи нави озмоишӣ барои соҳибкорон
Дар бораи лоиҳаи нави озмоишӣ барои соҳибкорони инфиродӣ саволҳои зиёд пайдо шуданд. Маълумотеро, ки донистанаш муҳим аст, ҷамъ овардем.
Лоиҳаи нави озмоишӣ танҳо ба пардохтҳои тиҷоратӣ дахл дорад. Интиқолҳои одӣ байни шахсони воқеӣ андозбандӣ намешаванд.
Агар шумо ба падару модар, фарзандон, хешовандон ё дӯстон пул гузаронед, ё кумаки молиявӣ гиред, тартиби нав ба чунин амалиёт дахл надорад. Маълумот оид ба ҳамаи интиқолҳо дар низоми иттилоотии Алиф махфӣ нигоҳ дошта мешавад.
Барои соҳибкорон чӣ тағйир меёбад:
— меъёри андоз аз 6% то 3% кам мешавад;
— андоз ба таври худкор ҳисоб мешавад;
— 1% аз маблағи пардохт ба пардохткунанда ҳамчун кешбэк бармегардад;
— ҳисобот ба таври худкор омода мешаванд ва дар давоми 2 сол санҷишҳои андоз гузаронида намешаванд.
Низоми нав ҳоло ҷорӣ нашудааст. Айни замон бонкҳо ва Бонки миллии Тоҷикистон корҳои техникиро анҷом дода истодаанд. Интиқолҳое, ки то оғози низоми нав анҷом дода мешаванд, дар доираи ин тартиб санҷида ё таҳлил намешаванд.
Лутфан, ба овозаҳо ва маълумоти тасдиқнашуда бовар накунед. Вақте ки қоидаҳои нав расман ҷорӣ мешаванд, мо дар саҳифаҳои расмии худ шуморо огоҳ мекунем.