Корти Visa Gold имкониятҳои зиёдро барои гузаронидани амалиётҳои молиявии бароҳат ва бехатар медиҳад.
4 сабаб барои гирифтани Visa Gold
Бронкунӣ ва харид дар хориҷа. Чиптаро харида, меҳмонхонаҳоро дар Гурҷистон, Туркия, Малайзия, Аморати Муттаҳидаи Араб ва дигар кишварҳо пешакӣ банд кунед.
Пардохтҳои бетамос. Кортро ба Google Pay ё Garmin Pay пайваст карда, тавассути POS-терминалҳо дар дохили кишвар ва хориҷа бетамос пардохт намоед.
Харид дар интернет. Дар Pinduoduo, Taobao, Amazon, Trendyol, eBay ва дигар интернет-мағозаҳо ба осонӣ харид намоед.
Интиқолҳои байналмилалӣ. Ба Ӯзбекистон, Гурҷистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Британияи Кабир ва 120+ кишвари ҷаҳон пул фиристед.
Шартҳои гирифтан
Агар Visa Digital, Mastercard Digital дошта бошед ё ин корти якуми байналмилалиатон аст, Visa Gold-ро бепул мегиред.
Агар корти байналмилалии пластикӣ дошта бошед (ба ғайр аз Visa Gold), арзиши корт 20 сомонӣ мешавад. Ва агар аллакай Visa Gold дошта бошед, корти дуюм 50 сомонӣ мешавад.
Дар куҷо корти Visa Gold-ро гирифта мешавад?
Онро метавонед тавассути барномаи Alif Mobi ё дар ин ҷо дархост намоед — қосидҳоямон дар Душанбе ва Хуҷанд кортро бепул бурда мерасонанд. Имкониятҳои корти тиллоии Visa Gold-ро истифода баред.