Ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобинон дар озмуни ГАО
29 сентябр дар шаҳри Красноярск Озмуни панҷуми солонаи Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) миёни хадамоти комплаенси муассисаҳои молиявӣ барои беҳтарин таҳлили молиявӣ баргузор шуд. Чорабинӣ дар ҳошияи Олимпиадаи шашуми байналмилалӣ оид ба амнияти молиявӣ доир гардид ва маросими ҷоизасупорӣ моҳи ноябр дар Душанбе, дар доираи Ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО баргузор шуд.
Мо соҳиби Ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобинон гардидем. Дар озмун намояндагони муассисаҳои молиявии Беларус, Ҳиндустон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок карданд — ҳамкорон таҷрибаи кории худро дар бораи чӣ гуна ошкор ва пешгирӣ кардани амалиётҳои шубҳанок ва хавфҳои асосии амнияти молиявӣ бо ҳам мубодила карданд.
Ин ҷоиза ба мо нишон медиҳад, ки кори ҳаррӯзаамон барои ҳифзи мизоҷон ва амнияти молиявӣ то чӣ андоза муҳим аст. Аз ҳамкорон барои меҳнатҳои ҳаррӯза ва аз мизоҷону шариконамон барои боварӣ миннатдорем 💚