Истиқлолият муборак, Тоҷикистон

Ватани азизамон ҳар рӯз тағйир меёбад. Шаҳрҳу ноҳияҳо боз ҳам ободу зеботар мешаванд, ташаббусҳои нав оғоз мешаванд ва мардум орзуҳои худро амалӣ мекунанд. Бо ин ҳама нозу неъмат шукр мегӯем ва ифтихор мекунем.

 

Бо шарофати Истиқлолият ҳар яки мо пеш аз ҳама роҳи худро дар зиндагӣ интихоб карда метавонем, соҳиби касб мешавем, меомӯзем, тиҷорат мекунем ва ба оянда бо боварӣ нигоҳ менамоем. Дар ин роҳ мехоҳем ҳамеша ҳамроҳи шумо бошем ва хизматрасониҳое созем, ки зиндагиро каме ҳам бошад, осонтар кунанд.

 

Ташаккур, ки дар паҳлуямон ҳастед, ба мо бовар мекунед ва дастгирӣ менамоед. 

 

Ба Тоҷикистон сулҳу оромӣ ва пешрафт, ба ҳар як хонадон хушбахтӣ ва саломатӣ орзу мекунем. Бигзор дар ҳар хонадон ҳамеша шодию хурсандӣ бошад. 35-умин солгарди  Истиқлолият муборак бошад 💚

Фиристодан
Баргаштан