Интиқолҳои тиҷоратии байналмилалӣ бо Visa Direct Account

Интиқолҳои байналмилалии тиҷоратӣ — бе комиссия

 

Акнун истифодабарандагони Alif Business метавонанд интиқолҳои B2B, B2C ва B2G-ро ба хориҷа тавассути хизматрасонии Visa Direct Account анҷом диҳанд. Пул бевосита равон мешавад — бе шахси сеюм, бе равандҳои дуру дароз ва бе хароҷоти пинҳонӣ.

 

Маблағ дар давоми як рӯз бо асъори миллии қабулкунанда мегузарад. Шумо бо асъори худ пул равон мекунед — маблағ худаш мубодила мешавад. Ин аз дигар интиқолҳои бонкӣ зудтар аст.

 

Ба кӣ равон кардан мумкин аст:

— ба шарикон;

— ба кормандон;

— ба идораҳои давлатӣ.

 

Кишварҳои дастрас: Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур.

 

Ҳамаи интиқолҳо дар як платформа анҷом меёбанд — Alif Business. Амалиётҳоро бе платформаҳои иловагӣ идора мекунед.

 

Тарзи интиқол:

— Ба Alif Business ворид шавед, ба бахши «Амалиётҳо» гузаред, «Пардохтҳои асъорӣ»-ро пахш карда «Visa Direct Accout»-ро интихоб намоед.

— Маълумоти қабулкунандаро ворид кунед ва кишвари қабулкунандаро интихоб кунед.

— Интиқолро тасдиқ намоед — пул дар давоми як рӯз мерасад.

 

Ба Alif Business гузаред ва бубинед, ки интиқол чӣ қадар осон аст.

Фиристодан
Баргаштан