ҶСК «Алиф Бонк» оид ба интихоби ташкилоти аудиторӣ барои пешниҳоди хизматрасонӣ оид ба гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии бонк барои соли молиявие, ки санаи 31 декабри соли 2023 ба анҷом мерасад, тендер (озмуни кушод) эълон менамояд.
Дар тендер ширкатҳои аудитории мустақил, ки ба шартҳои зерин ҷавобгӯ мебошанд, иштирок карда метавонанд:
— иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро барои гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд;
— таҷрибаи зиёда аз 3 соларо дар соҳаи аудит доранд ё дорои эътирофи байналмилалӣ соҳиб мебошанд (дар байни 10 ширкатҳои беҳтарини аудиторӣ);
— роҳбар ва аъзоёни гурӯҳи аудиторӣ дар гузаронидани аудити бонкӣ мутаносибан 3 ва 2 сол таҷриба доранд.
Барои иштирок дар тендер ширкатҳои ҳавасманд ба ҶСК «Алиф Бонк» ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод карда метавонанд:
— аризаи ширкат дар бораи иштирок дар озмун, ки бо имзои роҳбар ва муҳр тасдиқ шудааст;
— нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисии ташкилоти аудиторӣ;
— таклифҳои тиҷоратию молиявӣ (бо нишон додани музди хизматрасонӣ ва муҳлати гузаронидани аудит).
Ширкатҳои ҳавасманд метавонанд барои иштирок дар тендер ба суроғаи зерин дархост фиристанд:
734002, Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ш. Душанбе, 101-ум маҳалла, кӯч. Баҳовуддинов, 9
(+992) 48 888 1111
info@alif.tj
kh.sharifov@team.alif.tj