Акнун метавонед аз интиқоли байналмилалии зуд ва бекомиссия ҳаловат баред. То 13 феврал ба кортҳои Mastercard-и 190+ кишвар бемалол ва муфид пул фиристед. Ба дӯстон, наздикон ва шариконатон пулро ба осонӣ ва бе ягон хароҷот равон намоед.
Фоидааш дар чист?
Ягон масофа монеа нест. Пулро ба Ӯзбекистон, Қазоқистон, Гурҷистон, АМА, Қирғизистон, Туркия, Британияи Кабир ва ба 190 давлати дигар фиристед.
Мубодилаи қулай. Пулро бо сомонӣ фиристед — он ба доллар ё асъори кишвари қабулкунанда мубодила мешавад.
Интиқолҳои зуд. Пул ба қабулкунанда дар якчанд дақиқа мерасад. Агар зуд маблағ равон карданӣ бошед, қулай аст.
Меъёрҳои интиқолҳо зиёд шуданд
Акнун барои интиқоли маблағ бо Mastercard Send меъёрҳои зиёдшуда дастрасанд:
— Интиқоли якдафъаина: то 2 500 $.
— Дар як шабонарӯз: то 5 000 $.
— Дар як ҳафта: то 10 000 $.
— Дар як моҳ: то 20 000 $.
Ин меъёрҳо имконият медиҳанд, ки маблағҳои калон фиристед.
Чӣ тавр пулро ба корти Mastercard бо Alif Mobi фиристодан мумкин аст?
- Ба Alif Mobi ворид шуда, «Пардохт»-ро пахш кунед;
- «Интиқолҳо ба хориҷа» ва баъд кишвари лозимаро интихоб намоед;
- Рақами корти Mastercard ва маблағро ворид намоед;
- Ному насаби қабулкунандаро нависед;
- Интиқолро тасдиқ кунед. Пул ба қабулкунанда зуд мегузарад.
Тамом :) Шитобеду то 13 феврал пулро бе комиссия равон намоед.