Интиқол ба Хитой дастрас аст

Акнун мизоҷон метавонанд пулро ба Хитой ба кортҳои UnionPay тавассути Alif Mobi равон кунанд. Интиқол бо доллари ИМА бехатар ва осон анҷом дода мешавад.

 

Меъёр ва комиссия

Меъёри рӯзона: то 2 000 доллари ИМА (20 600 сомонӣ)
Меъёри ҳафтаъина: то 5 000 доллари ИМА (51 500 сомонӣ)
Меъёри моҳона: то 10 000 доллари ИМА (103 000 сомонӣ)

Комиссия ҳангоми интиқол: 1% (ҳадди ақал: 15 сомонӣ)

Ин шартҳо имконият медиҳанд, ки амалиётҳои хурду калонро анҷом диҳед.

 

Интиқол ба Хитой бо Alif Mobi

Ба барномаи Alif Mobi ворид шуда, ба бахши «Интиқолҳо» гузаред, «Интиқолҳо ба хориҷа»-ро пахш кунед ва Хитойро интихоб намоед. Баъди ин рақами корти қабулкунандаро ворид намуда, маблағи интиқолро нависед. Охирон қадам — тасдиқ кардани амалиёт.

 

Муҳим: Интиқол танҳо ба кортҳои резидентҳои Хитой дастрасанд. Инчунин аз 19:00 то 04:00 пулро равон кардан имконнопазир аст.

Барои беҳтар шудани хизматрасониҳоямон саҳм гузоштанро идома медиҳем ва кӯшиш мекунем ба мизоҷонамон қарорҳои қулаю муфидро пешниҳод кунем. Мақсади мо — осон кардани интиқолҳои байналмилалӣ барои ҳамаи мизоҷон.

Фиристодан
Баргаштан