Боз як дастоварди муҳим: Барои ворид кардани Google Pay дар кишвар, ки саҳми моро дар рушди технологияҳои молиявӣ тасдиқ мекунад, Mastercard бо ҷоизаи наве моро хушнуд гардонд. Ин фанновариҳо ба мардум имкон медиҳанд, ки пардохтҳоро ба осонӣ ва бехатар дар дохил ва хориҷи кишвар анҷом диҳанд.
Оғози Google Pay қадами муҳим дар роҳи рақамисозӣ гардид, ки ба ҳазорҳо нафарон имконияти зуд ва осон пардохт кардани харидҳоро тавассути телефонҳо фароҳам овард.
Бо дастгирии Mastercard ва ҳар яки шумо соҳиби чунин дастовардҳо гардидем. Аз ҳамаи шумо сипосгузорем.
Афзалияти Google Pay чист?
Системаи Google Pay пардохтҳоро дар дохилу хориҷи кишвар қулай мегардонад:
Зуд ва осон. Корти ҷисмониро бо худ гирифтан лозим нест — танҳо телефон лозим.
Бе интернет кор мекунад. Барои пардохт фаъол будани NFC-ро тафтиш карда, телефонро ба POS-терминал наздик кунед.
Дар хориҷа бе комиссия дастрас аст. Google Pay дар ҳазорҳо нуқтаҳои савдои ҷаҳон қабул мешавад ва саёҳатро бароҳат мекунад.
Mastercard-и худро дархост карда, пардохтҳои қулайро истифода баред.