Дорои сертификати байналмилалии амниятии PCI DSS гаштем
Мо дорои сертификати байналмилалии амниятии PCI DSS гаштем ва сатҳи баланди ҳифзи маълумоти пардохтиро тасдиқ намудем
PCI DSS таҳияи 4.0.1 — яке аз стандартҳои асосии ҳифзи маълумот дар соҳаи пардохтҳо мебошад. Аудитро ширкати байналмилалии Compliance Control Ltd анҷом дод (Таллин, Эстония).
Ин сертификат нишон медиҳад, ки инфрасохтор, равандҳо ва технологияҳои Алиф ба талаботи қатъии байналмилалӣ оид ба ҳифзи маълумоти дорандагони кортҳо ҷавобгӯ мебошанд.
PCI DSS (Payment Card Industry Data Security Standard) — стандарти ҷаҳониест, ки аз ҷониби Шӯрои байналмилалии саноати кортҳои пардохтӣ барои пешгирии ихроҷи маълумот ва қаллобӣ таҳия шудааст. Барои ширкатҳои молиявию технологӣ ва бонкҳо мутобиқат ба ин стандарт яке аз нишондиҳандаҳои баландтарини эътимоднокии инфрасохтори пардохтӣ ба ҳисоб меравад.
Сертификат тасдиқ менамояд, ки ҳамаи амалиётҳои мо бехатар анҷом меёбанд: маълумот рамзгузорӣ мешавад ва дастрасӣ ба системаҳову инфрасохтор мунтазам таҳти назоратанд. Ин хавфи қаллобиро паст карда, пардохтҳоро бехатар менамояд.
Барои мизоҷон ҳамаи амалиётҳо бехатаранд — ҳам пардохтҳо дар интернет ва ҳам истифодаи кортҳо дар POS-терминалҳо ва банкоматҳо. Барои шарикон бошад, ҳама шароитҳо ба талаботи байналмилалӣ мутобиқанд ва ва пайваста барои рушди хизматрасониҳои пардохтӣ равона шудаанд.
Гирифтани PCI DSS қисми муҳими стратегияи дарозмуддати мо дар рушди инфрасохтори рақамии молиявии бехатар мебошад. Мо минбаъд низ ба киберамният сармоягузорӣ карда, технологияҳои пешрафтаро барои ҳифзи маълумот ва рушди хизматрасониҳои пардохтӣ ҷорӣ менамоем.